Яҳудситезӣ, антисемити́зм (олмонӣ: Antisemitismus) — хусумати миллӣ ва динӣ нисбат ба яҳудиён, ки дар Аврупо оғоз ёфта буд. Яке аз сабабҳояш муваффақияти яҳудиён дар заминаҳои тиҷорату бозаргонӣ буда, ихтилофи мазҳаб баҳонае мешуд барои ранҷу озори яҳудиён.

Таассуби нажодӣ аз солҳои 70 садаи XIX оғоз ёфта, солҳои 80 садаи XIX дар Германия ва Австро-Венгрия ҳизбҳои сиёсии зидди яҳудӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд. Оғози садаи XX эҳсосоти шадиди зиддияҳудӣ дар Франсия ҳукмрон гардид. Солҳои 1905 — 09 дар Русия, бахусус дар Литва, Полша ва Украина ҳаракатҳои зиддияҳудӣ бисёр авҷ гирифтанд. Дар ин солҳо бо дасти гурӯҳҳои террористӣ тақрибан 50 ҳазор яҳудӣ ба қатл расид. Дар фосилаи байни ду ҷанги ҷаҳонӣ мавҷи антисемитизм кишварҳои Руминия, Полша ва Венгрияро фаро гирифт. Дар солҳои 20 ва 30 садаи XX тарғибу тарвиҷи зиддияҳудӣ ва бартарии нажоди ориёӣ аз ҷониби Гитлер ва ҳаммаслаконаш ба авҷи аъло расид. Дар кулли нобасомониҳои Германия яҳудиён гунаҳкор дониста мешуданд. Издивоҷи яҳудиён бо ориёиҳо мамнӯъ эълон гардид ва ин қавм аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ маҳрум карда шуд. Бар асоси қонунҳои соли 1938 моликияти яҳудиёни Германия мусодира гардид. Дар байни солҳои 1939 — 45 аз се як ҳисаи яҳудиёни ҷаҳон нобуд карда шуданд. Бо авҷ гирифтани ҷунбиши сионистӣ (сионизм) ва ташкили давлати Исроил дар соли 1948 эҳсосоти зиддияҳудӣ дар Шарқи Наздик дубора авҷ гирифт.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш